Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Патентҳо

Дар тӯли фаъолияти худ Марказ аз рӯи 4 лоиҳаи Фонди Президентии бунёдӣ ва 3 лоиҳаи фармоишии давлатӣ дар самтҳои омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ, коркарди маводҳои доруворӣ аз растаниҳои шифобахши ватанӣ, баҳодиҳии устувории навъҳои гуногуни зироатҳои ғалладонагӣ ба касалиҳои занбурӯғӣ барои ҳалли амнияти озуқаворӣ ва дигар самтҳои рӯзмарра таҳқиқот гузаронидааст.

Ходимони илмии Марказ дар натиҷаи таҳқиқоти муштарак ва ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи гастроэтерология ВТ ва ҲИА ва Институти ветеринарии АИ КТ  дар самти таҳияи маводи доругии гуногун чунин ихтироот намуда, соҳиби 8 Нахустпатент гардидаанд, аз он ҷумла:

  1. Маводи биойод барои пешгирии ҳолатҳои норасогии йод;
  2. Мавод барои муолиҷаи гепатити музмини В, С ва саррози ҷигари этиологияи вирусӣ дошта;
  3. Маводи «Гепатрил» барои муолиҷа ва пешгирии бемориҳои амали гепатопротекторӣ;
  4. Маводи «Асгеман» ки дорои хусусиятҳои адаптагенӣ аст;
  5. Маводи “Просинк” барои муолиҷаи гепатити музмини вирусӣ ва сиррози ҷигар;
  6. Тарзи ҳосил кардани тухми мурғи ғизоии йодноккардашуда;
  7. Тарзи ҳосил намудани шарбати йодноккардашуда;
  8. Ғилофаки дар рӯда ҳалшаванда, ки маводи зиддигиҷҷавӣ дорад.

Дар давраи тадқиқот аз ҷониби ходимони илмии Марказ гандуми муллоимдонаи навъи «Академия – 2016» бо роҳи дурагакунӣ аз навъҳои “Ориён ва Ормон” ба даст оварда шуда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноҳиябандӣ супорида шудааст. Инчунин, истеҳсоли нӯшобаи “Гулоби Ирам” аз равғани эфирии садбарги димишқӣ ба роҳ монда шудааст, ки он аз ҷониби  муассисаи “Тоҷикстандарт” бо иҷозатнома  тасдиқ карда шуд.

 

Соли 2020 аз ҷониби кормандони Марказ (директор Сатторов Ҷ.С.  ва ходими пешбар Саидов Н.С.) тавсиянома ба истеҳсолот оид ба «Агротехникаи парвариш ва нигоҳубини дарахтони сӯзанбарг» аз нашр бароварда шуд, ки бо санади воридкунӣ ба раванди таълими кафедраи «Дизайн ва меъмории» Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Хоҷа Оби Гарм
Хоҷа Оби Гарм деҳа ва маъруфтарин осоишгоҳи балнеологӣ (балнеоклиматикӣ) -и ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор(форсӣ:قلعه حصار‎)— ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дарноҳияи Ҳисораст. Қалъаи Ҳисор қисми ....

Мавзеъҳои табиӣ

Чилучор Чашма
Чилучор Чашма ("Чилу чаҳор чашма") ин маконест, ки дар масофаи ....