Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Озмоишгоҳи мутобиқшавии системаҳои зинда

Мудир:  Эшонова Зебинисо Шокировна

Озмоишгоҳи мазкур таҳти номгӯи «Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ»  соли 2011 бо таъсисёбии Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намудааст.

Бинобар сабабе, ки соли 2020 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 15 аз 20.03.2020 с. ба Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд ва дар сохтори Академия як қатор дигаргуниҳо ворид карда шуданд, номгӯи озмошгоҳи мазкур ба «Озмоишгоҳи мутобиқшавии системаҳои зинда» иваз карда шуд.  

Вазифаҳои асосии таҳқиқоти озмоишгоҳ чунинанд:

омӯзиши мутобиқшавии растаниҳои кишоварзӣ ва шифобахш дар шароити таъсири гуногуни муҳити зист ва гуногунии биологӣ бо назардошти дигаргуншавии иқлим;

баҳодиҳии мутобиқшавии  зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёданагиҳо оид ба маҳсулнокӣ ва устувориашон дар кишти омехта;

ошкор намудани устувории зироатҳои кишоварзӣ дар марҳилаи ибтидоии инкишофи касалиҳои замбуруғӣ;

омӯзиши хусусиятҳои морфо-физиологии растаниҳои интродуксияшудаи боғу сайргаштҳои ҷумҳурӣ;

дигар самтҳои рӯзмарраи илмие, ки ба фаъолияти озмоишгоҳ марбут аст.

Аз соли 2013 озмоишгоҳи мазкурро номзади илмҳои кишоварзӣ, Эшонова Зебунисо роҳбарӣ намуда истодааст. Таҳти роҳбариашон 8 корманди илмӣ фаъолият менамоянд, аз он ҷумла: 1 – ходими пешбари илмӣ; 2 – ходими калони илмӣ, 2 – ходими илмӣ, 2 – ходими хурди илмӣ ва 1лаборанти калон;

Тӯли фаъолияти илмии озмоишгоҳ таҳти роҳбарии Эшонова Зебуниссо корҳои зиёди илмӣ оид ба мутобиқшавии навъу намунаҳои зироатҳои ғалладонагиҳо ба самара расонида шудаанд ва ба ходимони озмоишгоҳ муяссар гардид, ки 1 навъи нави гандуми муллоимдонаи «Академия – 2016» – ро эҷод намуда, онро соли 2020 ноҳиябандӣ намоянд.

 IMAG1436

Қитъаи озмоишии Марказ воқеъ дар Боғи ботаникии ш. Душанбе

SAM 1211

Қитъаи озмоишии Марказ воқеъ дар пойгоҳи баландкӯҳи «Сиёҳкӯҳ»

IMG 5138

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар пойгоҳи баландкӯҳи «Сиёҳкӯҳ»

IMG 4869

Кишти омехтаи гандум бо боқило дар пойгоҳи баландкӯҳи «Сиёҳкӯҳ»


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сатурн
Осоишгоҳи "Сатурн" воқеъ дар деҳаи Шамбарӣ буда, як маҷмааи муосир, ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Қалъаи Ҳулбук
Ҳулбук комплекси бостоншиносӣ воқеъ дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъи, вилояти ....

Мавзеъҳои табиӣ

Боғи табиии Ширкент
Боғи таърихӣ ва табиии Ширкент бо қарори кумитаи иҷроияи Турсунзода ....