Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мақолаҳои илмӣ оммавии соли 2023

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

            Ба шарофати сиёсати моҳирона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини тоҷикон сулҳу субот ҳукмфармост. Аммо то имрӯз шахсони алоҳида, созмону гурӯҳу ҳаракатҳо пайдо шудаанд, ки ҳадафи онҳо бесуботӣ ва густариши ғояҳои ифротӣ мебошад. Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд: “Терроризм ва ифротгароӣ, ки ба миқёси бесобиқа густариш ёфта, бо оқибатҳои даҳшатовар ва фоҷиабори худ дар асри XXI ба мушкилтарин мушкилоти башарият табдил ёфтааст”.

            Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгарро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатие, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
            Ифротгароӣ ин гароиши ашхос, гурӯҳҳо, созмонҳо ба ақидаҳо, мавқеъҳо ва тадбирҳои ифротӣ, радикалӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Экстремизм ҳам ба соҳаи шуури ҷамъиятӣ, психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ, идеология ва ҳам ба муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо дахл дорад. Экстремизм гуногун аст ва ангезаҳои ба вуҷуд овардани он низ гуногунанд.

            Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳш” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарконидан, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро, мардумро ба ҳолати тарсу ҳарос, ноумедӣ, оҷизию нотавонӣ афкандан аст.

            Аз рӯ мақсаду маром, шиор, ғоя ва тарзу амалашон созмонҳои террористиро ба чанд гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст. Терроризми миллатгаро ё террористони миллатчӣ худро муборизони роҳи озодии миллӣ ва зидди ситами миллӣ эълон намуда, бар зидди намояндагони миллати дигар амалҳои террористиро содир мекунанд, одамонро мекушанд, таркиш ва дигар амалҳои зишту даҳшатоварро содир менамоянд. Барои террористони миллатгаро миллатчигӣ мақсаду маром ва далелу бурҳони амалҳои нопокашон мебошад.

            Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Дар ислом онҳо худро “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод” – ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазавот” – ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамоянд.
            Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказ­гуре­зӣ) террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд.

            Терроризми антиглобалӣ ё террористони антиглобалистӣ гӯё бар зидди ҷараёни “қашшоқшавии умумӣ” мубориза мебаранд. Раванди номатлуб ба гуруҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале “Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад”.

            Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад.

Ходими калони илмии Маркази

инноватсионии биология ва тибби АМИТ                       Убайдулло М.О.

 


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сатурн
Осоишгоҳи "Сатурн" воқеъ дар деҳаи Шамбарӣ буда, як маҷмааи муосир, ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор(форсӣ:قلعه حصار‎)— ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дарноҳияи Ҳисораст. Қалъаи Ҳисор қисми ....

Мавзеъҳои табиӣ

Боғи табиии Ширкент
Боғи таърихӣ ва табиии Ширкент бо қарори кумитаи иҷроияи Турсунзода ....