Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Конференсияи II-юми илмии ҷумҳуриявӣ «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист», 28 сентябри соли 2021

РЕЗОЛЮТСИЯ

оид ба баргузории конференсияи II-юми илмӣ-ҷумҳуриявӣ “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” ш. Душанбе, 28 сентябри соли 2021

            Иштирокчиёни конференсия ҳолат ва дурнамои душвориҳои  мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист ва таъсири омилҳои антропогению техногениро дида баромада ва муҳокима намуда, қайд намуданд, ки

омӯзиш ва дарки механизми мутобиқшавии системаҳои зинда таҳияи ҳалли масъалаи зикршударо  имконият бахшида, барои тавсияҳои амалӣ оид ба зиёд намудани мутобиқшавии организмҳо ва паст намудани таҳдиди таъсири манфии стресҳо ва омилҳои гуногун ба муҳити зист, системаҳои агроэкологӣ ва одамизод фароҳам меоварад.

            Дар рафти конфернсия қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ба масъалаҳои омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист таваҷҷуҳи хосе дода мешавад, чунки қаламрави ҷумҳурӣ дорои шароити хоси иқлимӣ ва экологӣ мебошад.

            Дар рафти конференсия 7 маърузаи пленарӣ ва 50 маъруза дар ҷалласаҳои 3 бахш аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кищоварзии Тоҷикистон, мактабҳои Олии ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ва Федератсияи Россия шунида шуд. Маърузаҳои пешниҳодшуда дар сатҳи баланди методӣ  баррасӣ шуданд. Дар умум дар кори конференсия олимон аз 15 муассисаи илмии дохили кишвар ва 3 муассисаи илмии Федератсияи Россия иштирок намудаанд.

            Иштирокчиён сатҳи баланди илмӣ-ташкилии конференсия, саҳми олимонро оид ба рушди тадқиқот дар самти омӯзиши хусусиятҳои тағйирёбандаи иқлим ҳамчун омили таъсирбахш ба механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда, омӯзиши растаниҳои кишоварзию шифобахш ва захираҳои онҳоро қайд намуда, иброз доштанд, ки маводҳои илмӣ то оғози чорабинии мазкур нашр шудаанд.

Иштирокчиёни конференсия чунин пешниҳодҳо намуданд:

  • Ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар самти омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист тавассути мубодилаи маълумоти иттилоотӣ, мубодилаи мутахассисон ва рушди робитаи дутарафаю бисёртарафаи шартномаҳо;
  • Мусоидат намудан ба интегратсияи муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ барои гузаронидани таҳқиқоти комплексӣ тибқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, ки ба таҳлили муайянкунии алоқамандии сабаби ҳолатҳое, ки ба тағйирёбии иқлим мансуб мебошад;
  • Дар телевизион ва садо сари вақт баррасӣ намудани маълумот оид ба дастовардҳои олимон дар самти омӯзиши мутобиқшавии растаниҳои кишоварзю шифобахш ва захираҳои онҳо;
  • Зиёд ва пурзӯр намудани гузаронидани конференсияҳо ва мизҳои мудаввари мутахассисон;
  • Аз Шуъбаи илмҳои биологии АМИТ хоҳиш намудан оид ба ба табъ расонидани резолютсияи конференсияи II-юми илмӣ-ҷумҳуриявӣ “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” дар нашри навбатии маҷаллаи “Ахбори АМИТ” (Шуъбаи илмҳои биологӣ).
  • 001 001
  • 002 002
  • 003 0
  • 004 004
  • 005 005
  • 006

 


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сатурн
Осоишгоҳи "Сатурн" воқеъ дар деҳаи Шамбарӣ буда, як маҷмааи муосир, ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Саразм қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин дар Тоҷикистон мебошад
Дар қисмати шимолии Тоҷикистон, 250 километр аз пойтахт, шаҳри Душанбе, ....

Мавзеъҳои табиӣ

Чилдухтарон
Дар куҷое ки набошӣ, кӯҳҳо ҳамеша туро иҳота мекунанд ва ....